Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурхоб барои ҳафт соат баста буд


Дарёи Сурхоб. Акс аз бойгонӣ

Дарёи Сурхоб. Акс аз бойгонӣ

Бар асари фаромадани ярч дар рустои Дияи Ғилмони ноҳияи Нуробод маҷрои дарёи Сурхоб барои тақрибан ҳафт соат баста буд.

Сайидамир Саидов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Нуробод, ба радиои Озодӣ гуфт, тақрибан соати 5-и бомдоди рӯзи 27-уми март теппаи кӯчида комилан маҷрои дарёи Сурхобро дар наздикиҳои шаҳраки Дарбанд, маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, гирифт ва дар натиҷа аз ҷамъшавии об кӯле ба вуҷуд омад.

Ҷаноби Саидов гуфт, ниҳодҳои марбута шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатолро дар километри тақрибан 150-ум барои 5-6 соат бастанд ва танҳо пас аз рафъи хатар иҷозаи дубораи равуоро доданд.

Ин масъули ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Нуробод гуфт, масоҳати оби ҷамъшуда дар кӯли сунъӣ 200 метри мураббаъро дарбар гирифта, ҳаҷми оби ҷамъшуда тақрибан 25.000 метри кубиро фаро мегирифт. Вай гуфт, танҳо дар соатҳои 12-и нисфирӯз маҷрои Сурхоб ба оҳистагӣ ба таври табиӣ кушода шуд.

Ҷаноби Саидов гуфт, ин ҳодисаи табиӣ ҳеҷ хисороти ҷонӣ ва моддӣ дар пай надошт. Ӯ илова кард, ки ба далели мавҷудияти об дар кӯл феълан кормандони ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулода дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, ба хотири амният сокинони рустоҳои Сари Пул, Фурудгоҳ, Чаҳорсада ва Сичароғ дар Нурободро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд.

Сокинони Нуробод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои нахустин бор дар умрашон бо чашмони худ дидаанд, ки як қисмати дарёи Сурхоб баста шуда, беоб мондааст. Исломиддин, як сокини ин мавзеъ, мегӯяд, аз субҳ садҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса омада, ҷамъшавии обро наззора карданд. Вай афзуд, бисёриҳоро ин ҳодиса ба ташвиш оварда буд, ки мабодо теппаи пеши обро гирифта, ба якборагӣ канда шавад ва чанд деҳаи назди соҳилро об шуста барад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG