Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Покистон 6 ронандаро куштаанд


Пулиси Покистон мегӯяд, 6 ронандаи мошинҳои борбар, ки афроди номаълум рӯзҳои ахир онҳоро дар шимоли ғарби кишвар рабуда буданд, кушта шудаанд. Абдулреҳмон-як мақоми пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ҷасади ин 6 нафарро пайдо кардаанд ва қотилон дар ҷайби яке аз онҳо ёддоше гузоштаанд ва навиштаанд, "ҳар кас, ки ба аҳолии шиаи Порачинор бор мебарад, ба ҳамин рӯз гирифтор хоҳад шуд". Порачинор шаҳри муҳими минтақаи қабиланишини Куррам ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG