Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Ҷомеаи Араб бо ҳам мулоқот мекунанд


Дар Либия мулоқоти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои узви Ҷомеаи Араб оғоз шуд. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот аслан масъалаи музокироти ба таъвиқафтодаи Исроилу Фаластин баррасӣ шавад. Дар остонаи ин мулоқот Амр Мусо-Дабири Кулли Ҷомеаи Араб гуфт, Исроил бояд аз нақшаҳои худ дар бораи сохтмони 1600 хона дар Байтулмуғқаддаси шарқӣ даст кашад. Дар он сурат музокироти ғайримустақими Фаластин бо Исроил шуруъ мешавад. Аммо Исроил ин пешниҳодро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG