Пайвандҳои дастрасӣ

Алавӣ барои ташкили ҳукумат ба музокира омода аст


Эътилофи сиёсии Ироқ ба раҳбарии Иёд Алавӣ-нахуствазири пешини ин кишвар дар интихоботи порлмонии Ироқ пирӯз шудааст. Ин эътилоф мегӯяд, барои ташкили ҳукумат омода аст бо ҳар ҳизби сиёсии Ироқ ба гуфтугӯ нишинад. Ин изҳороти Алавӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи ҷумъа кумиссиюни марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро эълон кард. Эътилофи Алавӣ аз 325 курсии порламон 91 ҷой ва эътилофи Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири кунунӣ 89 ҷой ба даст овардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG