Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Ҷанубӣ сабабҳои ғарқи киштиашро месанҷад


Ли Миюн Бак-раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, кишвараш бояд ҳамаи сабабҳои имкондоштаи ғарқи киштии худро дар марзҳои обӣ бо Кореяи Шимолӣ баррасӣ кунад. Ли ин нуктаро як рӯз пас аз ғарқи асрорангези ин киштӣ дар ҷаласаи изтирории ҳукумат изҳор дошт. Матбуоти маҳаллӣ аз қавли манобеи вазорати дифоъ мегӯяд, ба эҳимоли зиёд Кореяи Шимолӣ дар ин ҳодиса даст надорад. Ин киштӣ шаби ҷумъа ба шанбе дар обҳои Баҳри Зард ғарқ шуд.
XS
SM
MD
LG