Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба қасди ширкат дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи Шероз вориди Теҳрон, пойтахти Эрон шудааст.

Хабаргузориҳои расмии Эрон хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон мавриди истиқболи расмии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон қарор гирифта ва шоми рӯзи ҷумъа мулоқоти ду раиси ҷумҳурӣ дар мақари раёсати ҷумҳурии Эрон доир ва мавзӯъҳои мавриди алоқаи ду ҷониб мавриди барасӣ қарор гирифтааст. Ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин мулоқот то кунун ироъа нашудааст.

Қарор аст фардо, шанбеи 27 март, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашние дар Саъдободи Теҳрон ширкат кунад. Ва рӯзи 28 март баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ширкати чанд раиси ҷумҳурӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри бостонии Шероз дар назар аст.

Хабаргузории “Форс” навиштааст, ки дар Наврӯзи Шероз раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ироқ, Туркманистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат мекунанд.

Эрон ва Тоҷикистон ахиран ҳамкориҳои худро дар чандин бахш густариш дода ва Эрон яке аз саромягузорони умдаи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG