Пайвандҳои дастрасӣ

Расмуссен: Ба сипари зиддимушакӣ бояд бартарӣ дод


Рӯзи шанбе Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО дархост хоҳад кард, ки кишварҳои узв ба дифои зиддимушакӣ бартарӣ қоил шаванд ва ҳар гуна имконро дар ин замина барои ҳамкорӣ бо Русия истифода кунанд. Вай ҳамчунин аз кишварҳои узви паймони НАТО хост, ки онҳо то моҳи ноябри соли ҷорӣ, яъне то оғози мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв дар бораи дифои зиддимушакӣ ба тавофуқ даст ёбанд. Раҳбари НАТО гуфт, агар Эрон иҷоди мушакҳои миёнбурд ва қорапаймои худро такмил кунад, дар он сурат ҳам кишварҳои аврупоӣ ва ҳам Русия дар доираи ҳадафи ин мушакҳо қарор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG