Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занони кишоварзи Тоҷикистон, ки шумори онҳо дар саҳро аз мардон бештар аст, ба шиддат машғули коранд. Онҳо намехоҳанд лаҳзае аз баҳорро аз даст бидиҳанд ва бинобар ин сардиву гамрии ҳаво низ барояшон камтар аҳамият дорад.

Ин манзара дар саросари деҳоти Тоҷикистон қобили дидан аст. Ҳарчанд мардҳо низ дар кори вазнини саҳро ҳузур доранд, аммо шумораашон камтар аз занҳо аст.

Зеро теъдоди аъзами занҳои деҳот пас аз хатми мактаби миёна хонашин мешаванд ва ҷои корашон ҳам дар манзили падарӣ ва ҳам пас аз шавҳар кардан саҳро аст. Барои иҷрои кори вазнини саҳро ҳатто дар мактаби миёна таҳсил кардан низ зарур нест.

Солҳои ахир муҳоҷирати меҳнатии сартосарии мардони деҳот ба хориҷ аз кишвар тақрибан ба сурати комил каланди бобоиро ба дасти занҳо супурдааст. Ҳатто подабонӣ низ вазифаи занҳо ва атфол шудааст. Корҳое, ки дер ё зуд ба сиҳатии занҳо латма ворид мекунад, занҳое, ки насли баъдии ҷомеаро таваллуд ва тарбият мекунанд.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» меҳмони занҳои кишоварз дар ноҳияи Рӯдакӣ буд ва аз меҳнати сангини онҳо сӯҳбат кард:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG