Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави зиддиришвахорӣ дар Русия


Намоядагони порламони Русия тарҳи қонунеро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он акнун ононе, ки барои ҷиноятҳои иқтисодӣ маҳкум мешаванд, метавонанд бо васиқа озод шаванд. Дар гузашта онҳо барои чунин ҷиноятҳо зиндонӣ мешуданд. 374 нафар ба ҷонибдорӣ ва 55 нафар бар зидди тарҳи қонуни мазкур рай доданд. Дмитрий Медведев гуфт, ин қонун акнун ба ришвахории маъмулӣ хотима медиҳад, зеро дар гузашта афсарони пулиси зиддиришвахорӣ соҳибкоронро барои ҷинояте боздошт мекарданд ва сипас аз онҳо ришва ситонида, онҳоро раҳо мекарданд.
XS
SM
MD
LG