Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноии Қазоқистон бар зидди хориҷиён


Пулиси молии Қазоқистон як ширкати зери контроли Бритиш Газ ва ширктаи Энии Италияро муттаҳам кардааст, ки онҳо дар соли 2008 бо истихроҷи изофии нафту газ 708 миллион доллар даромади ғайриқонунӣ ба даст овардаанд. Ин истихроҷи изофӣ берун аз қарордоди давлатӣ будааст. Рустам Иброҳимов-муовини раиси пулиси молии Қазоқистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар ин бора парвандаи ҷиноӣ бо шудааст. Ин ширкатҳо дар ҷоҳи нафту гази Қарачаганак дар ғарби Қазоқистон кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG