Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳдномаи Амрикову Русия 18-ӯми апрел имзо мешавад


Кохи Сафеди Амрико эълон кард, ки Барак Обама ва Дмитрий Медведев-руасои ҷамоҳири Амрикову Русия 18-ӯми апрел дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стротегии худ ё START-ро имзо мекунанд. Як мақоми аршади амрикоӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ҷониби Русия ва Амрико роҷеъ ба ҳамаи моддаҳои Аҳднома ба тавофуқ расидаанд. Қаблан вазорати корҳои хориҷаи ҷумҳурии Чех эълон карда буд, ки мизбони маросими имзои Аҳдномаи Русияву Амрико хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG