Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши рӯзноманигорон дар қароргоҳи сафири ИМА


Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико

Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико

Сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Кеннет Гросс рӯзи ҷумъа масъулони бархе аз нашрияҳои мустақили чопи Душанберо барои як сӯҳбати сари дастурхон даъват кард.

Дар он намоянадагони ҳафтаномаҳои мустақили «Азия-плюс», «Нигоҳ», «Фараж», «Бизнес & политика», Радиои Озодӣ ширкат доштанд.

Интихоботи февралии Маҷлиси Намояндагон, баҳси додгоҳии нашрияҳои мустақили «Азия плюс», «Фараж»,«Озодагон» ва баҳси Тошканду Душанбе бар сари масъалаи сохтмони Роғун мавзӯъҳои аслии сӯҳбат буд.

Дар робита ба баҳси додгоҳии нашрияҳои мустақил, ки интизор меравад мурофиаи ин нашрияҳо 30 март дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт сурат гирад, сафири Иёлоти Муттаҳида изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамраъйии журналистон боло хоҳад гирифт ва усули озодии баён ба назар гирифта хоҳад шуд.

Ба қавли сафир, ҳукумати Амрико дар миёнаҳои моҳи феврал аз пеш омадани чунин вазъият бо нашрияҳои мустақили Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ карда буд. Вай гуфт, имкон дорад, дар баҳси додгоҳии ин нашрияҳо намояндаи сафорати ИМА ширкат кунад.

Дар робита ба ин суол, ки оё то кунун кадоме аз намояндаҳои ин нашрияҳо аз ҳукумати Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидаанд, ҷаноби сафир посухи рад дод.

Рӯзноманигорони тоҷик дар ин сӯҳбат таъкид карданд, ки «муҳосираи иқтисодии Узбакистон» ба Тоҷикистон дар мавриди сохтмони Роғун ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва дар ин росто мавқеъи Иёлоти Муттаҳида чӣ метавонад бошад?

Ҷаноби Кеннет Гросс посухи рушан надод, вале изҳори умедворӣ намуд, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва равуо миёни ин кишварҳо беҳбуд хоҳад ёфт.

Ҷаноби сафир сӯҳбат бо журналистони тоҷикро дар мавзӯъҳои мухталифи ҷомеаи ин кишвар муҳим хонд ва пешниҳод намуд, ки ҳар моҳ чунин мулоқотҳо баргузор карда хоҳад шуд. Рӯзнoманигорони тоҷик низ ин пешниҳодро пазируфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG