Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Соли картошка" то "Дипломатияи об"


Дар таърихи ҷаҳон баъзан санаҳои хосе эълон шуда ва бесару садо сипарӣ шудаанд. Масалан, соли 2004 "Соли биринҷ" эълон шуда буд, ки кам касе онро дар хотир дорад. Вале баъзе тадбирҳои дигар сару садоҳо ба бор меоранд.

Муштариёни тарабхонаҳо дар Нию Йорк одат кардаанд, ки як истакон обро аз ширдонҳои тарабхонаҳо бепул бигиранд. Вале ин ҳафта аз онҳо хоста шуд, ки ҳар кас дар ҷамъоварии маблағ барои оби соф як долларӣ кӯмак кунад, то ин маблағ дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ҷиҳати харидории оби соф барои кӯдакон сарф шавад.

Ин ибтикорро Бунёди Кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ рӯи даст гирифта буд. Руӣ Мизино, мудири тиҷоратии ЮНИСЕФ-и Амрико мегӯяд, агар ҳар муштарӣ як бор як доллар кӯмак кунад, маблағе ба даст хоҳад омад, ки он кӯдаконро дар кишварҳои ба истилоҳ "ҷаҳони севвум" 40 рӯз бо оби софи ошомиданӣ таъмин мекунад.

“Тарҳи ширдон”


Вай меафзояд: "Чӣ кори содаест, ки шумо ба тарабхонае меравед ва маъмулан як истакон оби нушиданиро аз ширдони бепул дархост мекунед. Чӣ тавр аст, агар барои ин об аз муштариён як доллар ё бештар аз ин бихоҳед".

Тарҳе, ки онро ҳоло “Тарҳи ширдон” ё “водопровод” ном кардаанд, як ҳафта давом хоҳад кард ва тибқи пешбиниҳо бояд дар ин муддат як миллион доллар ҷамъоварӣ шавад. “Тарҳи ширдон” дар чаҳорчӯбаи Ҳафтаи Ҷаҳонии Об иҷро мешавад.

Ин ҳафтаро, яъне рӯзҳои 21-27-ӯми мартро СММ Ҳафтаи Ҷаҳонии Об эълон кардааст. Ҳадаф аз эълони ҳафтаи вижа ин аст, ки дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳро ба масъалаҳои об ҷалб кунанд. Он ҳам мисли садҳо рӯзи вижа, ҳафтаи вижа ё соли вижа ва ҳатто даҳаҳои вижа аст, ки СММ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои муҳими сайёра эълон мекунад.

Агар мо ба тақвими СММ як назари сареъ андозем, мебинем, ки дар он 21-ӯми март Рӯзи Ҷаҳонии Фақр, 4-10-ӯми октябр Ҳафтаи Байналмиллалии Кайҳон, соли 2011 Соли Байналмиллалии Ҷангал ва солҳои 2008-2016 Даҳаи решакан кардани фақр эълон шудааст.

Фарҳон Ҳақ, ёвари сухангӯи Даби Куллли СММ мегӯяд, дар бораи чунин санаҳои муҳим дар Маҷмаи Умумии СММ тасмим мегиранд.

Ӯ мегӯяд: "Моҳиятан кишварҳои узв ё гурӯҳе аз кишварҳои узв пешниҳод мекунанд, ки ба таври ифтихорӣ аз рӯзе ёдоварӣ шавад. Чунин санаҳои вижа аз роҳи райдиҳӣ ё ҷонибдории шифоҳии кишварҳои узв дар робита бо мавзӯе пазируфта мешавад".

Гоҳо чунин санаҳои муҳимро Ожонсиҳои худи СММ низ пешниҳод мекунанд. Масалан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти вобаста ба СММ барои Рӯзи Ҷаҳонии Беҳдошт ё Рӯзи Ҷаҳонии Манъи Тамокукашӣ силсилаи тадбирҳоро пешниҳод мекунад.

Оқои Ҳақ мегӯяд, чунин санаҳо бояд аз лиҳози мантиқӣ зиддунақиз набошанд ва аксари кишварҳои узв дар Маҷмаи Умумӣ бояд аз онҳо ҷонибдорӣ кунанд. Масалан, ба ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2005-2015-ро даҳаи "Об барои ҳаёт" эълон кардааст ва ахиран барои чунин ибткор ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷоизаи "Расидан ба ҳадафҳои ҳазораи СММ" супурда шуд.

Аз картошка то об

Раҳбари Тоҷикистон соли 2012-ро низ "Соли дипломатияи об " пешниҳод кардааст. Намунаи дигар ин аст, ки дар солҳои қаҳтӣ бо ибтикори баъзе кишварҳо ҳатто "Соли картошка" низ ҳаст, ки то андозае танзомез ба назар мерасад, вале ҳамаи он заминаи мантиқӣ дорад.

Масалан, "Рӯзи Байналмилалии Кӯҳ" хеле сода ба назар мерасад, вале дар ин рӯз ба мушкилоти ҳифзи муҳити зист дар манотиқи кӯҳистонӣ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб мекунанд.
XS
SM
MD
LG