Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон аз раҳо шудани беш аз 150 вагони ҳомили маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ ва гилхок ё глиназём аз банди Узбакистон хабар додааст. Беш аз 800 вагони дигар дар қаламрави Узбакистон ҳамоно боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Андрей Тропин, ширкати «Роҳи оҳан», 114 вагон глинезём ё гилхок барои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба ТАЛКО буда, бақияи 37 вагон шомили масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока аст.

Масъулони ширкати «Роҳи оҳан» мегӯянд, ин ҳанӯз «аз нӯги хамир фатир» аст. Зеро тибқи иттилои расмӣ, дар қаламрави Узбакистон 984 вагони дигар ҳамчунон дар банд мебошад.

Давлат Нарзиев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт,
«аз рӯи маълумоте, ки имрӯз дар даст дорем, дар қаламрави Узбакистон 984 вагон боқӣ мондааст, ки 436 вагон глиназём ё гилхок. 439 маводи сухтӣ, 44 вагон семент, 25 вагон ҳар гунна таҷҳизот, 18 вагон битум ва дигар вагонҳои маводу бори мухталиф дорад».

Ҳамакнун бо раҳоии нахустин вагонҳо аз боздошт дар қаламрави Узбакистон, ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки бақияи вагонҳои боздоштӣ низ ҳар чи сареътар аз банд раҳо шаванд.

Нота ба сафири Узбакистон

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Узбакистон дар Душанберо ба вазорат хонд ва ба ӯ барои мусоидат дар ҳалли қазияи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон нота супурд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Узбакистон дар посух ба ин нота гуфтааст, ки боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвараш ангезаи сиёсӣ надорад. Мақомоти узбак иллати боздошти вагонҳои Тоҷикистонро техникӣ унвон карда, аммо итминон додааст, ки дар ояндаи наздик ин масъала ҳалли хешро пайдо хоҳад кард.

Шикояти Тоҷикистон дар СММ

Аммо бар иловаи он, ки масъулони ширкати «Роҳи оҳан», амалкарди ҷониби Узбакистонро «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон» арзёбӣ кардаанд, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ду рӯзи пеш дар мақари СММ дар шаҳри Ню-Йорк, зимни нишасти хабарӣ иддаои мақомоти Узбакистонро «баҳона» хонд.

Пас оё метавон гуфт, ки изҳороти мақомоти Тоҷикистон сабаби то ҷое нармиш дар муносиботи Узбакистон алайҳи кишвараш шудааст?

Ба эътиқоди Андрей Тропин, муовини сардори хадамоти ҳамлу нақли ширкати «Роҳи оҳан», раҳо шудани теъдоде аз вагонҳо маҳсули ҳамкориҳо ва ҳамчунин муроҷиатҳои мукаррари ин ширкат ва давлати Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ медонад.

Ба таъкиди вай, бар иловаи Русия, Туркманистон, Қазоқистон, ин масъала дар шӯрои байнидавлатӣ дар умури таронзити қаторҳо ва интиқоли борҳо матраҳ шуд, ки дар ниҳоят ҷониби Узбакистон ба раҳо кардани бахше аз вагонҳо иҷозат дод.

Боздошти булдозерҳои Роғун

Аммо бо ин ҳам Андрей Тропин иқдоми Узбакистонро ночиз медонад ва мегӯяд, «албатта он маводу маҳсулоте, ки дар вагонҳо воридшуда ҳастанд, аҳамияти чандоне барои иқтисоди Тоҷикистон надоранд. Чун он вагонҳои масолеҳи сохтмонӣ, назири ранг, ё равған ё ин ки глиназём ё гилхок барои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки дар қаламрави Узбакистон ҳамчунони вагонҳои бору колои муҳими стратегӣ барои иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла маводи сӯхти барои кишту кори баҳорӣ ё таҷҳизоту мошинолот, ба мисли булдозерҳо, экскваторҳо ва дигар таҷҳизот барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои Сангтӯда ва Роғун дар банд аст. Тибқи иттилои мо, ҳатто вагонҳои Тоҷикистонро кормандони хадамоти амнияти Узбакистон таҳти контрол доранд».

Пас бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ равшан аст, ки мушкили қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикистон тавассути Узбакистон ба иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бастагӣ дорад ва Тошканд ҳамчунон ба мухолифати худ бо ҳар роҳ дар бунёди ин нерӯгоҳ монеа эҷод мекунад.

Номаи Бонки ҷаҳонӣ ба Тошканд

Ин дар ҳолест, ки Филлип Лу Эйрӣ, ноибраиси Бонки ҷаҳонӣ, дар номае ба ҳукумати Узбакистон гуфтааст, корҳое, ки то кунун дар неругоҳи «Роғун» анҷом мешаванд, танҳо корҳои барқарорсозии бастубандҳо, тармими нақбҳо ва таҷдиди роҳҳое буд, ки дар обзехии соли 1993 ва баъд аз он ҳам хароб шудаанд.

Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ, ки ин ниҳоди молӣ барои арзёбии фанниву иқтисодӣ ва таъсироти иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи барқи обии Роғун мусоидат мекунад, ба ҳукумати Ӯзбакистон гуфтааст, арзёбии хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби тамоми меъёру муқаррароти Бонки ҷаҳонӣ, хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ ва машварат бо кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG