Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ моддаи таркандаро хунсо карданд


Раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дохили воҳиди марзбонии ин вилоят дар шаҳри Хоруғ моддаи таркандаи тротил пайдо кардаанд. Дар ин бора хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ хабар дод. Ҳоло додситонии вилоят ин қазияро бозрасӣ мекунад. Касе ё гурӯҳе кор гузоштани ин моддаи тарканда дар роҳи дохили воҳиди марзбониро бар ӯҳда нагифтааст. Аммо мақомоти интизомии вилоят мегӯянд, аз замони ба дасти марзбонони Тоҷикистон гузоштани ин воҳиди марзбонӣ бори аввал дар дохили қисми марзбонӣ чунин пешомад рух додааст.
XS
SM
MD
LG