Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилбастаи шутури нор


Абдураззоқ Султонов, дилдодаи шурути нор, сокини ноҳияи Спитамен
Абдураззоқ Султонов, дилдодаи шурути нор, сокини ноҳияи Спитамен

Шутурро ҳар сокини Тоҷикистон як ҷонвари маъмулии хонагӣ ҳисоб мекунанд, аммо дидани он на ҳар рӯз ба кас даст медиҳад. Бисёриҳо барои дидани ин ҷонвари зебои ҷӯлидамӯй ба боғи ҳайвонот ва сирки Душанбе мераванд. Дар вилояти Суғд касони ангуштшуморе ба парвариши ин ҷонвари зебо машғуланд.

Абдураззоқ Султонов, сокини деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Спитамен яке аз онҳоест, ки ҳамчун шутурбон миёни сокинон ном баровардааст. Ӯ ба гуфтаи худаш, ният дорад шутурпарвариро, ки дар ин рӯзҳо дар Тоҷикистон ба фаромӯшӣ меравад, аз нав ривоҷ диҳад.

Шиносоиям бо ин шахс тасодуфӣ сурат гирифт. Зимни сафар ба ноҳияи Спитамен дар баландии канори обанбори Фарҳод як ҷуфт ноқаи сурхчаранг дар як ҳавлӣ ба чашмам расид ва ҳаваси дидани ин ҷонвари зебои ҷӯлидамӯй ва шинос шудан бо соҳиби он маро ба он ҳавлӣ бурд.

«Шутур як ҷонвари сар то по хайру баракат аст»

Акаи Абдураззоқ нақл кард, ки аз ишқаш ба ин ҷонвари зебои ҷулидамӯй доим дар ҳавлиаш чанд ҷуфт шутур ва асп нигаҳ медорад. Ба гуфтаи вай, шутур як ҷонвари сар то пой хайру баракат аст ва эҳтимол, маншаъи дилбастагиаш ба ин ҷонвар аз ин ҷост.

Ӯ зимнан, аз асптозон ва бузкашони номии Суғд аст. Сӯҳбати мо назди ҷуфти шутури нории ӯ сурат гирифт. Вай ин ду шутурро дар мусобиқаҳои бузкашӣ, якеро дар Қазоқистон ва дуюмиро дар Хуҷанд ба даст овардааст.

Ба гуфтаи акаи Абдураззоқ, нигоҳубини ин ҷонвари калони хонагӣ душвор ва зиёд заҳматталаб нест. Ӯ мегӯяд: «Шутур барин ҷонвари нағз нест. Ҳар чӣ диҳед, рӯ намегардонад. Бисёр намехӯрад. Аз ҳама ҷонвари тоза ҳамин шутур аст».

Абдураззоқ Султонов як фермаи хурди шутур, иборат аз чанд ҷуфт дошрад. Вақте мо ба наздашт расидем, як ҷуфти шутурро ба чаро сар дода буд. Ва назди ҷуфти дигари шутури нор дар ҳавлиаш бо ман суҳбат мекард: «Ин шутурҳо аз зоти «нор», ҳастанд, аз ҳама нағзаш ҳамин аст. Бисёр ороманд. Аммо шутури сиёҳ бадқаҳр мешавад. Ба одам он қадар тан намедиҳад».

Шутурҳои акаи Абдураззоқ ороманд ва мегузоранд ба кӯҳонашон даст барам. Оилаи вай иборат аз ҳамсару чаҳор фарзанд, аз парвариши шутуру асп нафақаи худро таъмин мекунанд ва ҳама ба парвариши ин ҷонварон дилбастагӣ доранд: «Ҳама чизи шутур фоидаовару дору аст. Аз пашмаш миёнбанду ҷӯроб мебофанд, ки ба пойдарду миёндард дору аст. Қумрон ё шири шутур ҳам як нӯшокии давоӣ ва қувватдиҳандаи бадани одам ҳисоб меёбад».

Акаи Абдураззоқ бо лабханд афзуд, дар бораи фоидаи гӯшту равғани шутур ҳарф намезанад, чунки намехоҳад ба хотири гӯшту равған шутурро, ки дар Тоҷикистон саршумори он хеле кам шудааст, зери корди қассоб баранд.

Оё мешавад шутурпарвариро дар Тоҷикистон ривоҷ дод?

Аз рӯи гуфтаи вай, шутур як ҷонвари дарозумр аст ва то 60 сол умр мебинад. Дар муқоиса, асп то 40 сол ба сар мебарад. Аммо фарқи шутур аз ҷонварони дигари хонагӣ он будааст, ки баъд аз 5 – 6 солагӣ ва дар ҳар се сол як бор насл меорад. Ва замони ҳамлаш ҳам зиёдтар - 12 моҳу 10 рӯз давом мекардааст.

Дар гузаштаи на чандон дур, солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта дар дашту саҳрои минтақаи шимоли Тоҷикистон ҷуфтҳои шутурро дидан мумкин буд, ки хоҷагиҳои чорвопарвар ба чаро сар дода буданд.

Аз Абдураззоқ Султонов пурсидам, чаро тадриҷан парвариши ин ҷонвар дар Тоҷикистон аз байн рафтааст? Ба гуфтаи ӯ, чорвопарварон нигоҳубини шутурро кори душвор меҳисобанд ва шутурпарварӣ тадриҷан фаромӯш шудааст. Вай афзуд, дар ҳақиқат, дар давраи ҷуфтшавӣ шутур барои атрофиён хавфнок мешавад ва дар ин давра нигоҳубини бодиққатонаро талаб мекунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, баъзе одамон ақида доранд, ки дар хонае, ки шутур ҳаст, ҳамли зани он хона мисли шутур як сол тӯл мекашад ва одамонро аз шутурдорӣ тарс медиҳад: «Аммо ин гапҳои бофтаи одамон ва намедонам аз куҷо пайдо шудааст».

Маъруф Шарифов, масъули бахши чорводории идораи кишоварзии вилояти Суғд як сабаби аз байн рафтани шутурпарварӣ дар Тоҷикистонро пайомади заъфи умумии ин бахш меҳисобад. Дуюм, аз байн рафтани зарурати истифодаи шутур чун василаи боркашонӣ.

Вале аз ҳама муҳим, ба назари ин аст, ки мегӯяд: «Мо чарогоҳҳои фарохи барои парвариши шутур, хусусан вақти ҷуфтшавии онҳо надорем. Барои шутур саҳрову биёбонҳои васеъ даркор».

Шутурпарварони Суғд ҳам ба ин ақида мувофиқанд. Онҳо мегӯянд, мутаассифона, дар қисмати зиёди чарогоҳҳо ба замини пахтаю боғдорӣ табдил ёфтааст ва ҷой барои шутурпарварӣ танг шудааст.

Аммо ба гуфтаи Абдураззоқ Султонов ҳозир ҳам дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон чарогоҳҳои мувофиқ барои парвариши шутур вуҷуд дорад. Ва солҳои ахир таваҷҷӯҳи сокинон низ ба парвариши ин навъи чорвои хонагӣ афзудааст ва ӯро ба равнақи шутурпарварӣ умедвор мекунад.

Ӯ мегӯяд: «Аз Хуҷанду ҷойҳои дигар одамон ба суроғам омада, аз ман шутур гирифта мебаранд. Доим фармоиш ҳаст. Одамон шутурро ҷонвари бахосият ва дар ҳавлии худ доштани онро фоли нек меҳисобанд».
XS
SM
MD
LG