Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушнудии Олмон аз кӯмаки молӣ ба Юнон


Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз тавофуқоти кишварҳои қаламрави пули евро дар мавриди ҳимояти молӣ аз Юнон изҳори ризоят кард. Рӯзи панҷшанбе дар Бруссел Юнон ризояти кишварҳои қаламрави пули евроро дар бораи кӯмакҳои молӣ ба даст овард. Онҳо розӣ шуданд, ки дар мувофиқа бо Сандуқи Байналмиллалии Пул воҳиди пулии евроро истифода кунад. Ҳоло Юнон зери қарзҳои гарон мондааст ва бӯҳрони молӣ кишварашро таҳдид мекунад. Касри будҷааш низ хеле бузург аст. Дар бораи маблағи кӯмак маълумот дода нашудааст, вале тибқи баъзе хабарҳо, ин бастаи кӯмак 22 миллиард евроро ташкил медиҳад. Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон дар ҳамоиши Бруссел гуфт:

"Юнон дар дохили қаламрави евро бехатар аст ва Аврупо ҳам қадами бузурге бардошт. Мо имрӯз на танҳо барои Юнон тасмим гирифтем. Раҳбарони Аврупо аз Иттиҳодияи Аврупо, аз пули воҳиди мо ҳимоят карданд".

Папандреу афзуд Аврупо бо Юнони аз ин бӯҳрон қаввӣ бурун хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG