Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзҳои Иди Пок парвозҳо иҷоза дода шуд


Маскав мегӯяд, дар остонаи иди суннатии Пасхаи масеҳиён баъзе парвозҳои миёни Русияву Гурҷистонро иҷоза медиҳад. Масеҳиёни ордодокс Иди Пасха ё Иди Покро 4-ӯми апрел баргузор мекунанд. Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар эъломияе гуфтааст, ки дархости Ширкати ҳавоии Гурҷистонро дар ин бора, ки чунин кор ҷанбаи башарӣ дорад, Маскав пазируфтааст. Хонум Нино Георгобианӣ-сухангӯи Ширкати ҳавоии Гурҷистон ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, "мақомоти ширкати ҳавоии Русия иҷоза додаанд, ки рӯзҳои 1, 2, 3 ва 10, 12, 14-ӯм шикатҳои ҳавоии Гурҷистон ба Русия парвозҳо анҷом диҳанд". Баъд аз ҷанги мухтасари миёни Гурҷистону Русия дар моҳи августи соли 2008 парвозҳои миёни ду кишвар қатъ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG