Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Николай Бордюжа бо Ҳамрохон Зарифӣ


Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД
Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ, дар шаҳри Душанбе бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, масоили ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодиро баррасӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матуботии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамоҳангии сиёсати хориҷии кишварҳои узви созмони СПАД ва ҳамкориҳо бо созмонҳои дигари мушобеҳ матраҳ шудааст.

Николай Бордюжа ҷониби Тоҷикистонро аз масъалаҳои дастури рӯзи мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои узви ин созмон, ки 25-уми март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, огаҳ кардааст.

Дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои СПАД ахиран дар Маскав азҷумла мавзӯи халъи силоҳи ҳастаӣ ва масъалаи партобҳои родиоактивӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо дар бораи зарурати густариши фаъолияти Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд.

Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз барои як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст, вай ҳамчунин бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони парлумони Тоҷикистон, дидор ва гутфтугӯ анҷом диҳад.

Ҳадафи аслии сафари Николай Бордюжа ширкат дар нишасти мавсум "Системи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ: дурнамо то соли 2015" унвон мешавад.

Дар ин нишасти мизи гирд, ки бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, намояндагони мақомоти кишварҳои Осиси Марказӣ, Арманистон, Белорус, Русия ва ҳамчунин сафирони кишварҳои узви ОДКБ ва коршиносон ширкат хоҳанд кард.

СПАД дар се соли пеш дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви ҷомеаи Муштаракулманофеъ таъсис шуд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1993 миёни бархе аз кишварҳои шӯравии пешин дар Тошканд ба имзо расида буд. Аммо дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк намуд.

Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷони Узбакистон, ки садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки анкнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун буда ва Узбакистон мехоҳад шароити ҳузури худ дар СПАД-ро амалӣ кунад. Ба ин манзур, Узбакистон аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи як соли гузашта худдорӣ кардааст.

Аз ҷумла Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат кард ва инчунин дар охирин ҳамоиши фармондеҳони СПАД дар шимоли Тоҷикистон низ ширкат накард. Ҳамоише, ки нерӯҳои ин созмонро барои баргузории як размоиши муштарак омода мекард.

Ва дар ин размоиш, ки дар миёнаҳои моҳи апрели соли равон дар шимоли Тоҷикистон доир мешавад низ Узбакистон ширкат нахоҳад дошт.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди талош ва таку дави Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ин созмон ҳамчунон як марҳилаи дигаре аз бурузи ихтилофи назар миёни аъзои худро пушти сар мекунад.
XS
SM
MD
LG