Пайвандҳои дастрасӣ

Бо тасмими Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар кишвар сабқати Суперкубок ё Ҷоми олӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи якшанбеи 28-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад, дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ва «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009 қувваозмоӣ мекунанд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки дастаи мо дар айни ҳол бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст, мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ дидаем ва мақсад дорем, аввалин барандаи Ҷоми олии футболи Тоҷикистон шавем.

Вале ба гуфтаи оқои Ҳабибуллоев қаҳрамони футболи кишвар, ки имсол дар мусобиқоти байнулмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард, дар ҳамин ҳол бе сарпараст мондааст ва ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.

Ва аммо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии «Истиқлол», аз омодагии даста ба мавсими нави футбол изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар ҷараёни сафари дуҳафтаинааш ба шаҳри Анталияи Туркия се бозии санҷишӣ анҷом дод. «Истиқлол» нахуст аз тими «Академия»-и Толяттии Русия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда, баъдан бозиро бо тими «Сокол»-и Саратови Русия бо натиҷаи мусовии 3:3 хотима дод. Се голи «Истиқлол»-ро Дилшод Восиев, Юсуф Рабиев ва Ҷаҳонгир Ҷалилов ба самар расонданд. Дар бозии севуми худ «Истиқлол» бар тими «Несодден»-и Норвегия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев заданд.

Ва хабари тозаи дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар лигаи олӣ бо ширкати 9 даста дар чаҳор давра баргузор хоҳад шуд.

Дар нахустин даври мусобиқа 3-юми апрел «Энергетик»-и Душанбе бо ССКА «Помир»-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «»Хайр»-и Ваҳдат ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳанд кард. Дастаи «Истиқлол» аз бозии даври аввал озод аст.
XS
SM
MD
LG