Пайвандҳои дастрасӣ

Масъалаҳои марзии Қирғизистон,Тоҷикистон, Ӯзбекистон


Аз моҳи апрел дар Қирғизистон кори комиссияи тақсим ва таини хати марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз мешавад. Дар ин бора Дониёр Усенов-нахуствазири Қирғизистон дар порламони ин кишвар иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Усенов, ҳамаи масъалаҳои мавриди баҳси ин кишвар дар бораи марз бо Қазоқистону Чин ҳал шулдааст, вале музокирот бо Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин бора ба ҳолати таълиқ даромадааст. Бо вуҷуди ин, моҳи декабри соли гузашта бо ин ду кишвар тавофуқ ба даст омадааст, ки дар бораи тақсими марз ва таини хати он музокирот идома ёбад. Рӯзи шанбе нахуствазири Қирғизистон бо ҳамаи раҳбарони вилоятҳои марзии кишвари худ мулоқот ва бо онҳо масъалаҳои марзии мавриди баҳс бо ҳамсоягонро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG