Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷунбиши экологии Узбакистон мегӯяд, ҳудуди 1200 нафар дар Донишгоҳи Тирмиз, дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё, гирди ҳам омада, алайҳи корхонаи Талко эътироз кардаанд.

Тазоҳуротгарон фаъолияти ин корхонаро барои муҳити зист ва вазъи сиҳҳати аҳолии сокини манотиқи марзӣ, аз ҷумла Сариосиё, Узун ва Деҳнави Сурхондарё, ки беш аз 580 ҳазор нафар дар ин навоҳӣ ба сар мебарад, зараровар номидаанд.

Ҷунбиши экологии Узбакистон ин тазоҳуротро махсус дар рӯзи солгарди 35-уми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи алюминюми Тоҷикистон барпо кардааст.

Ба гуфтаи эътирозгарони узбак, фаъолияти корхонаи алюминиюми Турсунзода ба муҳит ва табиати ноҳияҳои ҳаммарзи Узбакистон таъсири манфӣ расонда, боиси бурузи бемориҳои мухталиф дар байни сокинони ин минтақа шудааст. Онҳо ба хусус аз афзоиши бемориҳои ирсии кӯдакон дар пайи олудашавии муҳити зист нигаронӣ кардаанд.

Ширкаткунандагони тазоҳурот тасмим гирифтаанд, ки дар робита ба ин масъала ба созмонҳои байналмилалии муроҷиатномаи дастаҷамъӣ нависанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди эътирози сокинони ноҳияҳои ҳаммарзи Узбакистон то ҳол вокунише нишон надодаанд. Вале бархе аз мутахассисони тоҷик иқдоми ҷониби Узбакистонро бештар ба мухолифати назари ду кишвар бар сари масоили обу энержӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон бо назардошти амнияти муҳити зисти минтақа бунёд шудааст.

Ташкили тазоҳуроти мухолифони ширкати Талко дар Тирмиз яке аз аввалин иқдомҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон аст. Ин созмон, ки гуфта мешавад ба доираҳои ҳукумати Узбакистон рабт дорад, дар охири соли гузашта рӯи саҳнаи сиёсӣ омада буд ва намояндагони он дар интихоботи парлумонии ин кишвар якбора соҳиби 15 курсӣ шуданд.

Тазоҳурот бар зидди ширкати Талко дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран мақомоти Узбакистон ҳудуди 1000 вагони молу колои Тоҷикистонро дар қаламрави худ боздоштааст ва як бахше аз ин вагонҳо ҳомили гилхок (глинозем) барои корхонаи алюминиюми Талко мебошанд.

Дар айни ҳол, як устоди донишгоҳи Тирмиз ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қаблан аз баргузории чунин тазоҳуроте хабар надоштаанд. Ва ба нохост шоҳиди пайдо шудани тазоҳургарон бо шиорҳои зидди Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон - Талко шудаанд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомоти Узбакистон аз баргузории ҳар гуна гирдиҳамоӣ зарфи чандин соли охир ба шиддат ҷилавгирӣ мекунанд ва ҳама гуна талоши тазоҳуротро низ то кунун саркӯб кардаанд.

Талко бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, беш аз 70 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши алюминиуми аввалияи тавлидоти корхонаи воқеъ дар Турсунзода ба даст меояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG