Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Кулли ОДКБ дар Душанбест


Николай Бордюжа-Дабири Кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва амният дар минтақаро баррасӣ кард. Бордюжа имрӯз барои як боздиди дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст вай ҳамчунин бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон ва бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон мулоқот ва дар як сӯҳбати "Мизи Гирд роҷеъ ба низоми амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои он то соли 2015" ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG