Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Ҳюман Райтс Вотч аз сарнавишти Ботақозиев


Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз, як моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад

Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз, як моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад

Созмони байналмилалии Ҳюман Райтс Вотч бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон набояд Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғизро, ки дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе нигоҳ дошта мешавад, иҷборан ба Қирғизистон истирдод кунад.

Ин созмон мегӯяд, бояд дастрасии Ботақозиев ба вакили мудофеъро таъмин намоянд ва ин иддаоро, ки боздошт ғайриқонунӣ буд ва ӯ дар зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифт, пажӯҳиш кунанд.

Дар изҳороти созмон омадааст, Неъматулло Ботақозиев, ки бо ду созмони ҳуқуқи башар ҳамкорӣ дошт, як моҳ боз дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. То ҳол на вакили мудофеъ, ки Комиссионери СММ дар умури паноҳандагон барои ӯ киро карда буд ва на вакили пешниҳодкардаи хонаводаи Ботақозиев, натавонистаанд бо ӯ дар маҳбас мулоқот кунанд.

Андреа Берг, команди Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, "Ботақозиев ба кумаки оҷил ниёз дорад ва ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҳифзи ӯ иқдом кунад ва нагузорад, ки ин ҳомии ҳуқуқи башар иҷборан ба Қирғизистон истирдод шавад”.

Дар робита ба сарнавишти Неъматулло Ботақозиев созмонҳои дигари ҳуқуқи башар низ изҳори нгаронӣ кардаанд. Азҷумла созмонҳои Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» ва «Uzbekistan initiative–London» бо пахши изҳороти муштарак гуфтаанд, ҳудуди як моҳи боздошти Ботақозиев масъулони боздоштгоҳ ба табибон иҷоза надодаанд, ки аз вазъи сиҳҳатии ӯ бохабар шаванд.

Дар изҳороти ин созмонҳо гуфта мешавад, ки дар сурати истирдоди Ботақозиев ба Қирғизистон, имкон дорад, ки ӯ мавриди шиканҷа дар ватанаш қарор бигирад. Аз ин рӯ дар созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки ба сарнавишти Ботақозиев расидагӣ кунанд.

Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи қирғиз, дар оғози соли 2010 ҳамроҳ бо ҳамсар ва се фарзандаш барои дархости паноҳҷӯӣ ба Тоҷикистон омада буд ва рӯзи 26 феврал нопадид шуд. Баъдтар масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари нигаҳдории Ботақозиев дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатиро тасдиқ карданд.

Ботақозиев аз соли 2008 ба ин сӯ мавриди таъқиби кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон қарор дошт. Мақомоти ин кишвар ӯро барои даст доштан дар ташкили тазоҳурот муттаҳам мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG