Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши кишварҳои Аврупо барои кӯмак ба Юнон


Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари як тарҳи кумаки молӣ ба Юнон барои ҳалли масъалаи қарзҳои берунии ин кишвар ба тавофуқ расиданд.

Иттиҳодияи Аврупо қариб ду моҳ кӯшиш кард, ки роҳи муқобила бо “фоҷеаи молии Юнон”-ро пайдо кунад. Дар натиҷаи хараҷоти номасрафкорона давлати Юнон лаби ҷари варшикастагӣ қарор дорад. Ба назар мерасад, ки дар Брусел як пешрафти ғайримунтазира ба амал омадааст.

Намояндаи расмии Фаронса эълон кард, ки раисиҷумҳури кишвараш Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел зимни мулоқоти маҳрамона дар Брюсел матни аҳдномаеро ҳамоҳанг кардаанд, ки дар он шартҳои дахолати кишварҳои минтақаи гардиши пули евро ба вазъи ба амал омада мушаххас мешавад.

Тибқи ин аҳднома, кишварҳои минтақаи евро таҳти шартҳои шадиди Комиссиюни Аврупо ва Бонки марказии Аврупо аксарияти сармояро барои ёрии Юнон медиҳанд ва Сандуқи байналмилалии пул ҳам сармоя ҷудо мекунад ва ҳам ёрии фаннӣ хоҳад расонд.

300 миллиард қарзи Юнон


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, қабл аз сафараш ба нишасти сарони кишварҳои иттиҳодия гуфт, ки мушкилиҳои Юнон ба тамоми Аврупо таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Мутахассисон ҳадс мезананд, ки қарзи миллии Юнон беш аз 300 миллиард евроро ташкил медиҳад, ки ин аз даромади нохолиси ин кишвар хеле бештар аст. Танҳо барои бознигарии ин қарз моҳи ҷорӣ 20 миллиард евро зарур аст.

Юнон бо кӯшиш пардохти қарзҳояш хазинаашро холӣ карда кӯшиш намуд, ки нархи хадамоти маиширо коҳиш диҳад, аммо мардуми норозӣ даст ба эътирозҳои густарда заданд.

Аммо мояи нигаронии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ба вижа раҳбарони кишварҳои минтақаи евро рух додани мушкилиҳои ҳамсон дар дигар давлатҳои ин минтақа мебошад. Хатарҳои ҳамсон ба Италия, Португалия ва Испания низ таҳдид мекунад. Гуфта мешавд ки ин гурӯҳи кишварҳо ояндаи иттиҳодияи гардиши пули евроро зери хатар мегузоранд.
XS
SM
MD
LG