Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот бар зидди тавсиаи ТАЛКО дар Тирмиз


Ҷунбиши экологии Узбакистон мегӯяд, дирӯз ҳудуди 1200 нафар дар ҳавлии Донишгоҳи Тирмиз, дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё гирди ҳам омада, алайҳи тавсиъаи корхонаи алюминсозии Турсунзода, марбут ба ширкати ТАЛКО, эътироз кардаанд. Тазоҳургарон фаъолияти ин корхонаро барои муҳити зист ва вазъи сиҳҳати аҳолии сокини манотиқи марзие, чун Сариосиёву Узун ва Деҳнави Сурхондарё зараровар номидаанд. Ҷунбиши экологии Узбакистон ин тазоҳуротро махсус дар рӯзи солгарди 35-уми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи алюминсозии Тоҷикистон барпо кардааст.
ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, беш аз 70 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши алюминиуми аввалияи тавлидоти корхонаи воқеъ дар Турсунзода ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG