Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди ногаҳонии шоҳзода Чарлз аз Афғонистон


Шоҳзодаи Бритониё Чарлз дирӯз бо як сафари эълонношуда вориди Афғонистон шуд ва аз ҷумла аз вилояти толибзадаи Ҳилманд дидан кард. Писари Чарлз – шоҳзода Ҳаррӣ қаблан, то замони фош шудани макони хидмати низомиаш 10 ҳафта дар Ҳилманд адои химат карда буд.
Валиаҳди 61-солаи тахти подшоҳии Бритониё гуфт, сарбозон шояд сахт саргарми амалиётҳоянд, вале барои пайвандони дурафтодаи онҳо ин ҳама ваҳшатовар аст.
Бритониё тайи беш аз 8 соли ҷанг дар Афғонистон 276 сарбозашро аз даст додааст. Нирӯҳои Бритониё асосан дар вилояти Ҳилманд, як маркази тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, ки манбаъи таъмини молии гурӯҳҳои чирикист, машғули набард бо ҷангиёни толибанд.
XS
SM
MD
LG