Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Олмону Фаронса ҷиҳати кӯмак ба Юнон


Бино ба хабарҳо, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ бар сари шеваи муомила бо вазъи бӯҳронии Юнон ба як тавофуқ даст ёфтаанд. Дипломатҳои аврупоӣ мегӯянд, Саркозӣ ва Меркел дар арафаи нишасти дурӯзаи сарони ИА, ки низ масъалаи кӯмак ба иқтисоди Юнонро баррасӣ хоҳад кард, мулоқот кардаанд.
Бино ба хабарҳо, тарҳи таҳияшуда ҳам кӯмакҳои молии Сандуқи байналмилалии пул ба Юнон ва ҳам қарзҳои дуҷонибаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро дар бар мегирад.
Ба 13 дарсад наздик шудани касри будҷа ва беш аз 300 миллиард евро шудани қарзҳои Юнон боиси башиддат пойин рафтани қурби евро, воҳиди пули 16 кишвари Аврупо шудааст.
XS
SM
MD
LG