Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шудани ду афсари Русия


Додгоҳи низомии Русия ду афсари артиши ин кишварро бо ҷурми ҷосусӣ барои Гурҷистон дар ҷараёни ҷанги кӯтоҳи соли 2008 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳи низомии ҳавзаи Қафқози шимолӣ сарҳанг Марлен Богданов ва Хвичӣ Имерлишвилиро бо ҷароими хиёнат ва ҷосусӣ мутаносибан 13 ва 15 сол ҳукми зиндон дод.
ФСБ, Хадамоти амнияти Русия гуфт, хадамоти гурҷӣ ин ду нафарро ҳанӯз соли 2007 ба ҳамкорӣ моил кардаанд ва онҳо тайи ҷанги Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ба Тифлис маълумоти низомӣ медодаанд.
XS
SM
MD
LG