Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК барои роҳи Кӯлоб-Қалъахумб пул медиҳад


Сандуқи рушди байналмилалии ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт, ба манзури эҳдоси роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб 13 миллиард доллар ҷудо мекунад. Чунин қарордод рӯзи сешанбеи ин ҳафта аз ҷониби муовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов ва мудири кулли Сандуқи рушди ОПЕК Сулаймон Ал-Ҳарбиш имзо шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Вена мегӯяд, тарҳи мазкур бунёди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб ва зербинои марбута дар қаламрави байни Шӯрообод то Шуғнонро дар назар дорад.
Тӯли ин масир 40 километр буда, он қисматҳои марказ ва ҷануби Тоҷикистонро бо вилояти Бадахшон ва Чин васл хоҳад кард. Қарор аст, Бонки исломӣ ва сандуқҳои рушди Саудияву Кувайт ва Абу-Забӣ низ барои иҷрои ин лоиҳа 85 миллион доллари дигар ҷудо кунанд. Саҳми худи Душанбе дар ин барнома 7 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG