Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷосуси КГБ дар Бритониё магнат мешавад


Маъмури собиқи КГБ Александр Лебедев нашрияҳои расвошудаи бритониёии "Independent" ва "Independent on Sunday"-ро бо нархи рамзии 1 фунт стерлинг харид. Ношири ин ду нашрия, ширкати INM гуфт, ҳарду нашрияро ба ширкати IPL, ки ба хонаводаи Лебедев тааллуқ дорад, фурӯхтаанд. INM гуфт, дар сурати бар ӯҳдаи ширкати Лебедев гузаштани тамоми ӯҳдадориҳои ин ду нашрия, тайи 10 моҳи оянда барои истифодаи исми ин нашрияҳо ба Лебедев беш аз 9,25 миллион фунт, муодили 13,7 миллион доллар хоҳад пардохт. Ин ду нашрияи қаблан маъруф соли гузашта барои ноширон қариб 42 миллион доллар зиён овард.
XS
SM
MD
LG