Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус аз Чин 10 миллиарди дигар мехоҳад


Беларус мегӯяд, ки метавонад тайи 3-4 соли наздик аз Чин то 10 миллиард доллар сармояи дигар ҷалб кунад. Сухангӯи давлати Беларус Аляксандр Тимошенка дар ҷараёни боздиди ноиби раиси ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпинг аз Минск гуфт, бо замми 5 миллиарду 700 миллион доллар қарзе, ки тавофуқ дар мавридаш ҳанӯз моҳи декабр ба даст омад, сармоягузории Чин ба иқтисоди Беларус дар солҳои наздик болиғ аз 15 миллиард доллар хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар мехоҳанд дар 89 барнома, аз ҷумла бунёди як корхонаи мошинсозӣ ва як корхонаи тавлиди шакар ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG