Пайвандҳои дастрасӣ

"Дузди аср" ба 20 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Бостон Алберт Гонсалеси 28-соларо, ки дар ҳамдастӣ дар дуздии миллионҳо доллар аз кортҳои бонкӣ муттаҳам мешуд, ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ин қазия аз бузургтарин амалиётҳои ҳакерӣ, ё худ дуздии компютерӣ, дар таърихи Амрико унвон мешавад. Гонсалес ба он муттаҳам мешуд, ки ба хазинаи асноди бузургтарин ширкатҳои фурӯши чакана ворид шудааст. Тафтишот ӯро раҳбари гурӯҳе медонад, ки ҳамдастонаш аз ҷумла дар Украина ва Русия будаанд.
Хисороти расида ба бонкҳо ва ширкатҳои бима аз фаъолияти гурӯҳи Гонсалес қариб 200 миллион доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG