Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Конгресс боз 37,5 миллиард доллар пурсидаанд


Вузарои хориҷа ва дифоъи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс бар изофаи дархости Кохи Сафед барои маблағгузории амалиётҳои низомиву маданӣ дар Афғонистону Покистон ва Ироқ аз Конгресс 37,5 миллиард доллар пули изофӣ хостаанд. Бахши аъзам аз 33 миллиард долларе, ки Пентагон мепурсад, барои Афғонистон аст. Хонум Клинтон аммо гуфт, ин маблағи изофӣ ба Амрико дар амри расидан ба аҳдофаш дар ин се кишвари, ба гуфтаи ӯ, “хатти ҷабҳа” кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG