Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин дар Петербург муттаҳид мешаванд


Дирӯз дар ҳамоише дар шаҳри Санкт-Петербург чанд гурӯҳи мухолифини рус қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба ин созишнома аз ҷумла бахшҳои маҳаллии ҳизби Яблоко, Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ ва Ҷунбиши Солидарност имзо гузоштаанд. Узви шӯрои Яблоко Борис Вишневский гуфт, ҳадафи аслии ин қарордоди ҳамкорӣ ҳамоҳанг сохтани талошҳо дар роҳи “баргардондани демократия” ба Петербург аст. Созишнома иқдомоти муштараки аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ дар тадвири раҳпаймоиҳо, пахши баёнияҳо ва эҳтимоли ширкати муштараки онҳо дар интихоботҳоро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG