Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди таъсиси Иттиҳодияи расонаҳои мустақил


Сардабирони нашрияҳои мустақили Қирғизистон дирӯз дар Бишкек вазъи матбуоти мустақил дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам пешниҳоди таъсиси як иттиҳодия ба манзур дифоъ аз ҳуқуқи онҳоро баҳс кардаанд. Масдуд шудани дастрасӣ ба чандин сомонаи интернетӣ, манъи бознашри гуфторҳои радиоӣ ва барномаи телевизионии бахши қирғизиии Радиои Озодӣ тавассути расонаҳои маҳаллӣ ва ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва ҳатто мавридҳои қатли хабарнигорон аз мушкилоти доғи имрӯзи матбуоти мустақил дар Қирғизистон ном бурда шуд.
Аҳли нишаст дар чунин шароит таъсиси як иттиҳодияи нашрияҳои мустақилро зарур ва ҳатмӣ хонданд.
XS
SM
MD
LG