Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ бо ирсоли номае ба ҳукумати Узбакистон мавқеъи ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ дар баробари ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро шарҳ додааст.

Дар паёми Филлип Лу Эйру, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки рӯзномаи расмии “Правда Востока”-и Узбакистон нашр кардааст, гуфта мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ баъди натиҷаҳои ташхиси фарогири тарҳи нерӯгоҳи Роғун, масъалаи сармоягузорӣ ва ширкат дар сохтмони онро баррасӣ хоҳад кард.

Бонки Ҷаҳонӣ, ки барои арзёбии фанниву иқтисодӣ ва таъсироти иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи барқи обии Роғун мусоидат мекунад, ба ҳукумати Ӯзбакистон гуфтааст, арзёбии хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби тамоми меъёру муқаррароти Бонки Ҷаҳонӣ, хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ ва машварат бо кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад шуд.

Қарор аст, як гурӯҳи коршиносони варзида ва баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ барои мушоҳида ва баҳогузорӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Роғун барои як ҳафта, аз 20 то 27 апрел, ба Тоҷикистон сафар кунанд ...
Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нимаи дуввуми моҳи март, дар мавриди рушди арсаи энержии Тоҷикистон санади ҳусни тафоҳуме имзо карданд, ки бахши зиёде аз он дар мавриди иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст.

Филип Лу Эйру, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, нигарониҳои ҳукумати Ӯзбакистон доир ба корҳои то замони поёни ташхис анҷоммешуда дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дарк мекунад.

Аммо ба гуфтаи муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ, корҳое, ки то кунун анҷом мешаванд, танҳо корҳои барқарорсозии бастубандҳо, тармими нақбҳо ва таҷдиди роҳҳое буд, ки дар обзехии соли 1993 ва баъд аз он ҳам хароб шудаанд.

Филип Лу Эйру дар идомаи паёми худ ба ҳукумати Узбакистон навиштааст, Бонки Ҷаҳонӣ ҷиддияти масъалаи мувофиқати ҷадвали корҳои сохтмонӣ бо ҷараёни арзёбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳитизистии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, бахусус сохтмони сарбанди онро ба ҳукумати Тоҷикистон возеҳ кардааст.

Филип Лу Эйру гуфтааст, бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиш расиданд ва ҳукумати Тоҷикистон аҳд супурдааст, ки корҳои ояндаи сохтмонӣ, ки берун аз чаҳорчӯби корҳои тармимӣ хоҳад буд, бар асоси натиҷаҳои арзёбии тарҳи нерӯгоҳ сурат хоҳад гирифт.

Филип Лу Эйру дар идомаи номаи худ навиштааст, ки ширкати Бонки Ҷаҳонӣ дар такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо баъди анҷоми арзёбӣ ва таъйиди коромадӣ ва манфиатовар будани нерӯгоҳ матраҳ хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки дар оянда таҳқиқ хоҳад кард, то корҳои барномарезишуда дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун бар асоси натиҷаҳои арзёбии байналмилалии он анҷом бигирад.

Филлип Лу Эйру мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аҳд кардааст, ки натиҷаи арзёбии тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро коршиносони байналмилалӣ баррасӣ намуда ва хулосаҳои худро бигӯянд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ барои киро кардани мутахассисони варзида ва мақбули Бонки Ҷаҳонӣ ризоият додааст, ки ҳадаф аз ин назорат бар сохтмон ва додани баҳои мустақил ба сифати сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст.

Филип Лу Эйру, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ зимни паёми хеш ба ҳукумати Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки қарор аст, як гурӯҳи коршиносони варзида ва баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ барои мушоҳида ва баҳогузорӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Роғун барои як ҳафта, аз 20 то 27 апрел, ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Худи Филип Лу Эйру барои машварат дар мавриди ширкати коршиносони байналмилалӣ дар арзёбии нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард.

Бонки Ҷаҳонӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Узбакистон аз ин ба баъд низ ҳимояти худ аз талошҳои ин бонк барои ҳамкориро идома хоҳад дод.

Таври маълум, ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ба ва вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG