Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Боқиев қурултои нав таъсис медиҳанд


Пас аз нахустин қурултой ё анҷумани ваҳдат, ки бо ибтикори президенти Қирғизистон Боқиев баргузор шуд, мухолифони ӯ таъсиси анҷуманҳои мардумиро дар вилоятҳои кишвар барномарезӣ кардаанд.

Тухтаойим Уметалиева, яке аз иштирокчиёни тазоҳуроти мухолифин дар рӯзи 23 март, ки мавриди боздошти ходимони интизомӣ қарор гирифта буд, ба радиои Озодӣ гуфт, "шаш моҳ ба ин сӯ ҳукумат мардуми кишварашро гумроҳ кардааст" ва ба ин далел онҳо дар соири вилоятҳои кишвараш қурултойҳои мардумиро таъсис хоҳанд дод.

Ин хонум мегӯяд, афзоиши нархи нерӯи барқ ва хизматҳои коммуналӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми кишвараш мувуфиқ нест.

Алмосбек Атамбоев, раиси ҳизби сотсиал-демократ, таъсиси ин қурултойҳо дар манотиқи кишварашро қадаме ба пеш арзёбӣ карда, афзуд, ки гурӯҳҳои вижаи онҳо ба манзури роҳандозии ин қурултойҳо ба манотиқи кишвараш сафар хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Алмосбек Атамбоев, мардуми ин минтақаҳо натиҷагириҳои қурултойи мардуии оппозитсиюн ва қурултойи ваҳдати ҳукуматро ба доираи баҳс хоҳанд кашид. Раиси ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ки Қирғизистон ба интихоботи шаффофу демократӣ, озодии баён, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи Гулҷамол Султонғозиева, депутат аз ҳизби коммунистони Қирғизистон, интизор буд, ки қурултойи ваҳдат тибқи барномаи қаблан тарҳрезишудаи ҳукумат баргузор мегардад, вале ин гумон ва пешбиниҳои ӯ ботил баромаданд.Гулҷамол Султонғозиева мегӯяд, даҳҳо иштирокчии қурултойи ваҳдат тавонистанд, масъалаҳоеро дар миён гузоранд, ки мардум дар манотиқи Қирғизистон ҳалли мусбати онро интизорӣ мекашанд.

Нигарониҳо аз афзоиши нарху наво

Ҷумақодир Акинеев, узви палатаи ҷамъиятии Қирғизистон, мегӯяд, болоравии нарху наво ғайр аз нерӯи барқу оби гарм ҳамчунин роҳкирои ҳавопаймо ва маводи хӯрокаро низ фаро гирифтааст. Оқои Акинеев афзуд, ҳукумат бояд аз болоравии нарху наво ҷилавгирӣ кунад ва мардумро аз ин вартаи бӯҳронӣ наҷот диҳад.

Ҷилғалбек Турдихоҷаев, коршиноси масоили сиёсӣ, мӯтақид аст, ки болоравии нархи нерӯи барқ ва хизматҳои коммуналӣ, ки ҳукумати кишвараш ҷорӣ кардааст, паёмадҳои ногувор дар пай хоҳад дошт. Ҷилғалбек Турдихоҷаев мегӯяд, бартараф кардани ин пайомадҳо ҳукумати кишварашро ба мушкилоти зиёду печдарпеч низ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Ин коршинос ҳамчунин тазаккур дод, ки сиёсати нодурусти иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати кишвараш чунин бӯҳрони шадидро дар миён эҷод кардааст. Галина Скрипкана,узви ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократ дар парлумони Қирғизистон, изҳороти президент Қурмонбек Боқиевро перомуни бесалоҳиятии намояндагони мухолифин изҳороти бепояву асос хонд.

Ба гуфтаи хонуми Скрипкина Алмосбек Атамбоев бо як барномаи мушаххас ба маъракаи интихоботи президентӣ ворид шуд, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишварашро фаро гирифта буд. Вай гуфт, президент Боқиев ошкор намуд, ки тарафдори демократияи машваратӣ аст, аммо ин иқдом кишварашро ба мамлакати худкома табдил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG