Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел хостори иҷрои ҳатмии Созиши эътидол шуд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, хостори иҷрои бечуну чарои Созиши аврупоии эътидол аз сӯи кишварҳои минтақаи евро шуд. Созиш, аз ҷумла, чаҳорчӯб ва ҳадди пойини касри буҷа дар ин кишварҳоро муқаррар кардааст. Хонум Меркел имрӯз зимни суханронӣ дар порлумони Олмон гуфт, ки Юнон шартҳои Созиши аврупоии эътидолро вайрон кардааст ва ин боиси бӯҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Ӯ таъкид кард, ки аз такрори ин гуна ҳаводис дар оянда бояд ҷилавгирӣ кард.
Садри аъзами Олмон имрӯз барои ширкат дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо вориди Брюсел мешавад. Бӯҳрони молиявии Юнон ва чораҳои эътидоли вазъи иқтисодӣ дар минтақаи евро - дар меҳвари ин нишаст қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG