Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонии коршиканӣ макони охират пайдо кард


Кормандони як ширкати нафт дар шаҳри Жанаузен, воқеъ дар ҷанубу ғарби Қазоқистон, имрӯз як ҳамкори 59-солаи худро, ки дар ҷараёни коршиканӣ аз олам даргузаштааст, ба роҳи охират гусел карданд. Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Буршак Езетов рӯзи 16 март, ҳангоми коршикании кормандони ширкати нафти “Узенмунайгаз”, аз ҳуш рафт. Ӯ ба бемористон интиқол ёфт ва аммо як ҳафта баъд ҷаҳонро тарк гуфт. Боз як ширкаткунандаи ин коршиканӣ Отемиз Умаров дар ҷараёни ин амали эътирозӣ бар асари фишори баланди хун ба ҳалокат расидааст. Дар коршикание, ки тақрибан се ҳафта, аз якум то 19 март идома дошт, ҳазорон нафар аз кормандони “Узенмунайгаз” ширкат доштанд. Коршиканӣ баъди он поён ёфт, ки ширкати давлатии “Казмунайгаз” ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳамроҳ бо эътирозгарон баррасӣ кардани масоили доғ ва лағви тасмим дар бораи коҳиши дастмузд созиш ҳосил карданд.
XS
SM
MD
LG