Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустам Минихонов - президенти нави Тотористон


Имрӯз Рустам Минихонов расман ба ифои вазифаи раиси ҷумҳурии Тотористон шурӯъ кард. Маросими савгандёдкунии раҳбари нави ин ҷумҳурии тобеъи Русия, дар толори филармонияи шаҳри Қазон баргузор шуд.
Рустам Минихонов тайи 12 соли ахир дар мақоми раиси ҳукумати Тотористон фаъолият мекард. Номзади ӯро барои тасдиқ дар парлумони Тотористон 27 январи соли равон раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев пешбарӣ карда буд.
Президенти нахустини Тотористон Минтемир Шаймиев беш аз 20 сол раҳбарии ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG