Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Абдулло: "Исроил бо оташ бозӣ мекунад"


Шоҳи Урдун Абдуллоҳи ду изҳор намуд, ки раванди сулҳи Ховари Миёна бо айби Исроил зери хатар қарор гирифтааст. Зимни суханронӣ дар Уммон ӯ гуфт, ки Исроил бо тасмими бунёди манзилҳои нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ “бо оташ бозӣ мекунад”.
Қарор аст охирҳои ҳамин ҳафта дар Либия сарони кишварҳои араб сарнавишти тарҳи сулҳеро баррасӣ кунанд, ки соли 2002 пешниҳод карда буданд. Тибқи ин тарҳ, дар сурати хуруҷи Исроил аз қаламрави дар ҷараёни ҷанги соли 1967 ишғолшуда, ҳама кишварҳои арабӣ давлати яҳудиҳоро расман эътироф хоҳанд кард. Байтулмуқаддаси шарқӣ низ як бахши қаламрави ғасбшуда маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG