Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони рус дар хиёнат ба ватан айбдор шуданд


Додгоҳи низомии минтақаи Қафқози шимолии Русия дар робита ба як парвандаи ҷосусӣ ба нафъи Гурҷистон ҳукми худро эълон кард. Ду афсари артиши Русия, ки рутбаи подполковникӣ доштанд, дар хиёнат муттаҳам шуданд – додгоҳ Хвичи Имерлишвилиро ба мӯҳлати 13 сол ва Марлен Богдановро ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ҳарду онҳо аз рутбаи низомӣ ҳам маҳрум карда шуданд. Муттаҳами сеюм - корманди хадамоти ҷосусии Гурҷистон Заза Херкеладзе бо иттиҳоми ҷосусӣ барои 11 сол маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG