Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бенатиҷаи Нетаняҳу ба Вошингтон


Сафари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба ИМА бидуни натиҷа поён ёфт. Қабл аз парвоз аз Вошингтон Нетаняҳу изҳори умедворӣ намуд, ки музокироти анҷомшуда ба хатми ихтилофи назар миёни Амрико ва Исроил мусоидат хоҳад кард. Сарвазири Исроил дар Вошингтон бо раисиҷумҳури ИМА Барак Обама, нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден, фиристодаи вижаи раисиҷумҳур дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел ва дигар мансабдорони воломақом гуфтушунид дошт.
ИМА аз тасмими ҳукумати Исроил барои бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ интиқод мекунад ва онро садди асосӣ дар эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна мехонад. Ва аммо Нетаняҳу дар Вошингтон изҳор намуд, ки Исроил ҳаққи бунёди манзил барои яҳудиҳо дар Байтулмуқаддаси шарқиро дорад, зеро ин шаҳр як бахши Исроил аст. Фаластиниҳо Байтулмуқаддаси шарқиро пойтахти давлати ояндаи худ мехонанд ва идомаи музокироти сулҳ бо Исроилро бо лағви тасмими бунёди манзил барои яҳудиҳо дар ин шаҳр марбут мекунанд.
XS
SM
MD
LG