Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи Наврӯзии гуштии миллӣ дар Душанбе


Саидҷалол Саидов ва Муҳаммад Абдураҳмонов, ғолибони мусобиқа

Саидҷалол Саидов ва Муҳаммад Абдураҳмонов, ғолибони мусобиқа

Муҳаммад Абдураҳмонов ва Саидҷалол Саидов ғолибони мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди Наврӯз гардиданд.

Сабқати паҳлавонӣ бо ҳузури ҳудуди 20 000 тамошобин ва ширкати 150 паҳлавон аз манотиқи мухталифи кишвар 24-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон дар ду гурӯҳ баргузор шуд.

Қабл аз оғози мусобиқа паҳлавонону тамошобинонро Ҷамшед Саидов, муовини раиси шаҳри Душанбе, ва Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бо Иди Наврӯз, ки мақоми байнулмилалӣ касб кардааст, муборакбод гуфтанд.



Дар сабқати гуштигирони вазнашон беш аз 80 килограмм Муҳаммад Абдураҳмонов дар даври ниҳоӣ бо ҳарифи пуртаҷрибааш Рауф Ҳикматов қувваозмоӣ кард. Дар муддати 10 дақиқаи рақобат ҳарду паҳлавон натавонистанд имтиёз ба даст оранд. Вале ҳарду аз ҷониби доварон «огоҳӣ» гирифтанд. Ва азбаски Рауф Ҳикматов баъди ҳарифаш «огоҳӣ» гирифт, бар асоси қоидаҳои нави гуштии миллӣ Абдураҳмонов ғолиб дониста шуд. Бад-ин тартиб донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмонови 23-сола, ки зодаи ноҳияи Фархор ва узви бошгоҳи марказии варзишии Вазорати дифоъи кишвар буда, дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ тамрин мекунад, ҳамчун ғолиби мутлақи сабқати Наврӯзӣ бо саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ба маблағи 15 000 сомонӣ сарфароз гардид. Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Абдураҳмонов, барандаи ҷоизаи аслии мусобиқаи имсолаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди Наврӯз дар ноҳияи Данғара - мошини сабукрави тамғаи «Жигули» ВАЗ-07 мебошад.

Дар сабқати гуштигирони вазнашон аз 70 то 80 килограмм паҳлавони шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Шерзод Шайхов, аз ноҳияи Шаҳринав, ғолиб омад. Саидҷалол Саидови 19-сола, ки узви бошгоҳи марказии варзишии Вазорати дифоъи Тоҷикистон аст, бо саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ба маблағи 3 000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Вале дар мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ дар Душанбе паҳлавонони маъруфи тоҷик, монанди Набимуҳаммад Хоркашев, Парвиз Собиров, Шералӣ Бозоров ва Муҳаммадамин Хонов ширкат накарданд.

Саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»-ро барои ғолибони мусобиқаи гуштии миллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 36 500 сомонӣ харидорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG