Пайвандҳои дастрасӣ

Аскар Акаев: "Боқиев демократияро аз байн бурд"


Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ “инқилоби лолаҳо”-и соли 2005 дар Қирғизистонро “табаддулоти давлатӣ” номида гуфт, дар натиҷаи ин кудато сохтори демократӣ аз байн бурда шуд.

Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон мегӯяд, “ман ақидаамро дар бораи ҳодисаҳои 24 марти соли 2005 худи ҳамон рӯз баён карда будам. Ин табаддулоти давлатӣ буд. Баъзе моҷароҷӯёни сиёсӣ ҳамроҳ бо раҳбарони ифротгарои мухолифин ин кудаторо ташкил карданд. Мардуми Қирғизистон имрӯз натиҷаҳои онро бо чашми худ мебинанд. Хуб ё бад, Қирғизистон аз роҳи демократӣ пеш мерафт, аммо имрӯз демократия дар кишвар тамоман нобуд карда шуд. Имрӯз дар Қирғизистон демократия вуҷуд надорад”.

Акаев гуфт, бо вуҷуди он, ки муваққатан дар Русия ба сар мебарад, аммо фарзанди халқу ватнаш боқӣ мемонад ва ягон рӯз мехоҳад ба Қирғизистон баргардад. Вай афзуд, сатҳи зиндагии мардумаш вайро сахт нигарон мекунад ва вазъи кишварро муташанниҷ арзёбӣ намуд. Ба ақидаи раисиҷумҳури собиқ, иқтисоди Қирғизистон дар вартаи фоҷеаи бузург аст.

Акаев гуфт, “ҳатто ҳампаймонони собиқи раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз вай рӯ гардондаанд. Алмос Аҳтамбоев ҳукумати кунунии ҷумҳуриро режими ҷинояткорона номидааст. Роза Отунбоева, яке аз пешвоёни мухолифин, қаблан Боқиевро Фидел Кастрои қирғиз хонда буд”. Вай афзуд, ҳамаи ин шахсиятҳо ҳамроҳ Боқиевро сари қудрат овардаанд, аммо баъд аз он, ки онҳоро аз мақомашон ронданд, боз мехоҳанд пешвоёни мухолифин шаванд.

Аскар Акаев бар ин назар аст, ки Боқиев шахсиятҳои назири Аҳтамбоев ва Отунбоеваро ба он хотир аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда буд, ки онҳо бениҳоят ҷоҳталаб буданд ва ба режими Боқиев хатар эҷод мекардад. Вай афзуд, ки режими кунунии Бишкек имиҷи кишварро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вайрон карда дар натиҷа ахлоқи мардум паст шудааст.

Ҷаноби Акаев мегӯяд, “режими кунунӣ то ҳол барои латтукуб ва тарсонидани рӯзноманигорон ва қатли рақибони сиёсӣ аз афроди ҷинояткор истифода мебарад. Ба хотири он ки имрӯз Қирғизистон аз “ҷазираи демократия” ба “ҷазираи ҷинояткорӣ” табдил ёфт, ҷаҳон онро кишвари ноком арзёбӣ кардааст. Ҳамагӣ панҷ сол қабл Қирғизистон кишваре буд, ки бо роҳи демократияи ҳақиқӣ ҳаракат мекард. Ва ҳамаи ин тахриб шуд. Ман фикр мекунам, ки ин бузургтарин бохт ва зарбаи шадидтарин ба ахлоқи мардуми Қирғизистон буд”.

Аз 23 то 24 март Боқиев қурултои мардуми кишварро даъват кард, аммо мухолифин ин ташабусси президентро рад намуда, ҳафтаи гузашта қурултои алтернативиро доир карданд. Оқоев гуфт, ки қурултои Боқиев таъсири зиёд нахоҳад дошт, чунки мақомот ширкаткунандагонро пешакӣ интихоб кардаанд ва бидуни шубҳа, онҳо аз ҳукумат пуштибони хоҳанд кард.

Акаев ҳадс зад, ки мақсади доир кардани қурултой аз ҷониби Боқиев ин кӯшишест барои тамаркузи қудрати номаҳдуд дар дасташ ва ҷилавгирӣ аз равандҳои қонунгузорӣ дар кишвар.

17 марти соли 2002 дар шаҳри Оқсу ҳангоми саркӯбии эътирозгарон беш аз даҳ нафар кушта ва шумораи зиёд маҷрӯҳ шуда буданд. Он замон Аскар Акаев раисиҷумҳури кишвар буд. Вай гуфт, ки ҳамчун президенти вақти кишвар тамоми масъулият бар дӯши вай аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ аз эътирофи ин масъулият фирор накардааст.
XS
SM
MD
LG