Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси як ҳафтаи Тоҷикистон дар оинаи матбуот


Ин ҳафта дар саҳфаҳои аввали нашрияҳои Тоҷикистон аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ислом Каримов, Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Ёқуб Салимов ҷой гирифтаанд.

«Нигоҳ» дар як матлабе зери унвони "Сирри марги Сангаку Файзалӣ" навиштааст, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани 16 сол аз марги Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов, собиқ қумондонҳо ва пешвоёни Фронти халқӣ, ҳанӯз ҳам асрори марги онҳо ошкор нашудааст. Ҳамчунин дар ҳамин матлаб ишора шудааст, ки дар ҳоле ки асрори марги Сангак ва Файзалӣ маълум нашудааст, собиқ додситони Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов соле пеш гуфта буд, ки баъди ба истеъфо рафтан аз вазифаи додситони кул ба навиштани ёддоштҳояш машғул мешавад. Ва агар додситони кул ба ваъдааш вафо кунад, ҳатман ин қазия дубора рӯ хоҳад овард.

Дар ин ҳафтанома ҳамчунин матлабе таҳти унвони «Чой барои Нурсултон Абишевич» нашр шудааст, ки ба тағйир ёфтани мавқеъгириҳои Нурсултон Назарбоев, расиҷумҳури Қазоқистон, баъди сафараш ба Тошканд нисбати сохтмлони нерӯгоҳи Роғун бахшида шудааст. Муаллиф нигоштааст, ки дар Тошканд роҳбарони ду ҷумҳурӣ зарурати баргузории санҷиши байналмилалиии технологӣ ва экологии нерӯгоҳи Роғун ва Қамбаротаро ба сурате матраҳ карданд, ки гӯё ин ҳарф тозагӣ дошт. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳо пеш аз созмонҳои мартубаи байналмилалӣ даъвати анҷоми чунин кореро карда буд.

Ҳафтаномаи «СССР» дар матлабе зери уновни «Асрори курсии №3-и Тоҷикистон ва ё аз спикерии Зуҳуров чӣ интизоранд» нигоштааст, ки муҳим он нест, ки раиси порлумон аз кадом минтақа аст. Балки муҳим он аст, ки дар ин симат чӣ корҳоеро метавонад барои мардум анҷом диҳад. Муаллифи ин матлаб Раҷаби Мирзо гуфтааст, ки имрӯз Тоҷикистон ба як спикери боқувват хеле ниёз дорад. Ҳарчанд ки муаллиф аз шеваи суханронии спикер дар иҷлосияи аввал ҳадс задааст, Зуҳуров ба мустақилии худ чандон бовар надорад. Вале ба Зуҳуров чандин пешниҳодҳо барои сазовори бовари мардум шудан ироа кардааст.

«Азия плюс», ҳафтаномаи русзабони Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳоров, вазъи ҷинояткорӣ ва даст доштани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ҷинояткориро матраҳ кардааст. Абдураҳмон Қаҳҳоров гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам ислоҳоти кадрӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар дохили ниҳод идома дорад. Ва вазири корҳои дохилӣ чанд далели боздошти кормандонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ёдовар шудааст.

«Фараж», «Миллат» ва «Пайкон», ҳафтаномаҳои дигари ҷамъиятии сиёсӣ, номаеаро аз номи модари Ёқуб Салимов Ашурбӣ Салимова ба унвонии Шерхон Салимзода, додситони кул, нашр кардаанд. Дар ин нома омадааст, ки барои ташхиси Ёқуб Салимов дар маҳбас табибонро иҷоза намедиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои табобати дигар маҳбусин табибонро иҷзоа медиҳанд. Ва модари Ёқуб Салимов зиндагии кунуни писарашро чунин нақл карда, ки «духтур ҳатто бе иҷоза ба камерааш омада наметавонад. Калид дар дасти роҳбарияти муассиса аст ва фақат бо иҷзоати онҳо дар чор рӯз як бор як соат барои ҳавои тоза дари камераро мекушоянд».

«Пайкон» аз назари тамошобинон филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Иддае аз тамошобинон аз ин филм истиқбол кардаанд ва иддаи дигар филмро мавриди интиқод қарор додаанд. Аз қавли тамошобинон оварда шудааст, ки филми «Беҳуда хорам мекунӣ» хусусиятҳои миллии тоҷиконро дар бар намегирад ва фалсафаии он низ ҷавобгӯи филм будан нест.
XS
SM
MD
LG