Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон натоиҷи интихоботи Маҷлиси Миллӣ дар ҳавзаҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказро эълон кард.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссиюни марказии интихобот, ба радиои Озодӣ гуфт, Асоев Хайрулло, сардори иттиҳодияи генералии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», Гулмаҳмадов Давлатшо, раиси ноҳияи Турсунзода, Солеҳов Баҳриддин, раиси ноҳияи Ҳисор, Фозилов Махсум, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва Қодиров Масъуд, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аъзои Маҷлис дар ноҳияҳои тобеи марказ интихоб шудаанд.

Ҳамзамон дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки аз ҳавзаи пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон, Махмадсаид Зувайдов, раиси ширкати «Тоҷиксемент», Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Гулчеҳра Ғаниева, раҳбари мактаби миёнаи № 28, курсиҳои Маҷлиси Миллиро ба даст овардаанд.

Аз ҳавзаи вилояти Суғд раиси ҳамин вилоят Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров, раиси шаҳри Истаравшан Мӯъмин Холиқов, раиси кумитаи кор бо занҳо ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Матлуба Сатторова ва муовини аввали бахши вилоятии ҲХДТ Анвар Ҷалилов шомили Маҷлиси Миллӣ шудаанд.

Дар Бадахшон раиси вилоят Қодири Қосим, раиси ноҳияи Рушон Қобиламоҳ Ғуломшоева, ректори Донишгоҳи Хоруғ Гулхоҷа Ҷангибеков, сардори муассисаи давлатии роҳҳои Бадахшон Шамсмуҳаммад Назриев ва мудири бемористони вилоятӣ Шодихон Гулаёзов ба палатаи болоии парлумон роҳ ёфтаанд. Интихоботи Маҷлиси Миллӣ дар Бадахшон бидуни рақобат сурат гирифтааст.

Натоиҷи интихобот дар вилояти Хатлон то ин лаҳза эълон нашудааст.

Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии парлумон на ба тариқи раъйдиҳии мардум, балки аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешавад. Ин палатаи парлумонро 5-вакилӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

Маҷлиси Миллӣ дар канори Маҷлиси намояндагон пас аз баргузории референдуми Сарқонуни кишвар дар соли 1999 мелодӣ таъсис шудааст. Дар тӯли фаъолияти палатаи болоии парлумон раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бар ӯҳда дошт.

Маҷлиси миллии парлумони Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст ва 25 вакили он аз вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо интихоб мешавад. Тибқи қонун, 8 нафар аз аъзои Маҷлиси Миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад.

Президентони собиқи Тоҷикистон низ аз ҳаққи умрбоди узвият дар Маҷлиси Миллӣ баҳраманд ҳастанд ва Қаҳҳор Маҳкамов ду давр инҷониб яке аз курсиҳои Маҷлиси Миллиро дар ихтиёр дорад. Дар даври охирини Маҷлис Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифин ва рӯҳонии саршинос, бо фармони раисиҷумҳур ба узвияти он таъин гардида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG