Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби евро башиддат коҳиш ёфт


Қурби евро, воҳиди пули Аврупо, дар муқобили доллари амрикоӣ ба сатҳи дар 10 моҳи охир бесобиқа поён рафт. Нигарониҳо аз шеваи посухи ИА ба пешниҳоди кӯмак ба иқтисоди дар қарз ғӯтидаи Юнон як далели аслии то ҳадди 1 доллару 33 сент коҳиш ёфтани қурби евро гуфта мешавад.
Қарор аст, раҳбарони ИА имрӯз дар Брюссел бӯҳрони Юнонро баррасӣ кунанд. Мавзӯъи баҳс ин аст, ки оё Юнон ба кӯмаки молии ИА умед бубандад ваё аз Сандуқи байналмилалии пул қарз бипурсад. Ин Сандуқ то кунун ба ҳеҷ кадом аз 16 кишвари минтақаи евро қарз надодааст.
Ба 13 дарсад наздик шудани касри будҷа ва қариб 300 миллиард евро шудани қарзи Юнон боис шуда, ки қурби евро дар моҳҳои охир ба таври пайваста пойин биравад.
XS
SM
MD
LG