Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони нави Амрикову Русия 8 апрел имзо мешавад


Ба гуфтаи мақомот, Амрикову Русия бар сари тарҳи қарордоди нави коҳиши таслиҳоти стротежӣ ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд ва интизор меравад, ин паймон то 2 ҳафтаи дигар- рӯзи 8 апрел дар Прага, пойтахти ҷумҳурии Чех имзо шавад. Маскав мегӯяд, тарҳи созишнома пурра мувофиқат шудааст, вале сухангӯи Кохи Сафед гуфт, бархе чизҳое боқӣ мондааст, ки бояд баррасӣ шаванд. Аммо тарҳи ниҳоии созишнома то чанд рӯзи дигар дар гуфтугӯи руасои ду ҷумҳурӣ Барак Обама ва Дмитрий Медведев мувофиқат хоҳад шуд.
Қарордоди нав бояд ҷойгузини START, айни қарордоди дар соли 1991 имзошуда шавад. Замони эътибори START дар моҳи декабр ба поён расид.
XS
SM
MD
LG